Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа дар Душанбе бо Зарифӣ мулоқот кард


Николай Бордюжа-Дабири Кулии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ дар шаҳри Душанбе бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон масъалаи ҳамкориҳои низомӣ-иқтисодиро баррасӣ кард. Дар мулоқоти онҳо ҳамчунин масъалаи ҳамоҳангии сиёсати хориҷии кишварҳои узви ин созмон ва ҳамкориҳояшон бо созмониҳои дигари мушобеҳ матраҳ шудааст. Бордюжа ҷониби Тоҷикистонро аз масъалаҳои дастури рӯзи мулоқоти баргузоршудаи 25-ӯми марти котиботи созмони мазкур дар Маскав огаҳ сохтааст. Бордюжа имрӯз барои як боздид вориди Тоҷикистон шуд. Қарор аст вай ҳамчунин бо Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон ва бо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG