Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи маводи тарканда дар қароргоҳи марзбонӣ


Ба иттилои манбаъҳо дар раёсати корҳои дохилаи Бадахшон, дар дохили қароргоҳи қисми марзбонии воқеъ дар Хоруғ маводи тарканда ёфт ва безарар гардонда шудааст. Маводи таркандаро мутахассисони гурӯҳи зудамали раёсати корҳои дохила безарар кардаанд. Ба гуфтаи мутахассисон, ин маводи таркандаи иборат аз тротили дорои нерӯи зиёди таркиш буда, дар сурати инфиҷор метавонист харобкории зиёд дар пай дошта бошад.
Додситони гарнизони Хоруғ Фармон Шарифов таъйид кард, ки моддаи шабеҳи маводи таркандаро як сарбоз субҳ дар қароргоҳи марзбонӣ пайдо кардааст. Ба гуфтаи Фармон Шарифов, аммо додситонӣ анҷоми натиҷаи ташхиси фаннии маводи дарёфтшуда ва пурра муайян шудани хусусияти онро интизор аст.
Ба гуфтаи додситон, ин мавод дар рӯбарӯи биноҳои истиқоматӣ ёфт шудааст ва додситонӣ ин қазияро таҳқиқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG