Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Гейтс аз камбудии сулҳи Ховари Миёна


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, набуди сулҳ миёни фаластиниҳо ва муттаҳиди Амрико дар Ховари Миёна – Исроил ба манофеъи миллии амниятии Амрико дар ин минтақа таҳдид мекунад. Гейтс гуфт, камбуди пешрафт дар раванди сулҳи Ховари Миёна мушкилест, ки рақибони Амрико дар минтақа аз он ба сӯди худ истифода мекунанд.
Ин баёнияи Гейтс дар пасманзари таниши уфтода дар равобити маъмурияти Барак Обама ва Исроил дар бораи шеваҳои идомаи раванди сулҳ бо фаластиниҳост.
Вошингтон барномаи Исроил ҷиҳати бунёди манозили нав дар Байтулмуқаддаси шарқиро як мониа дар роҳи пешрафти ҷараёни сулҳ номидааст.
XS
SM
MD
LG