Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Амрикову Покистон оғоз ёфт


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон музокироти сатҳи олӣ бо Покистонро оғоз кард ва гуфт, ин гуфтугӯ марҳалаи наверо дар равобити маъмулан ноороми Вошингтону Исломобод боз мекунад. Ҷониби Покистонро дар музокирот бо Клинтон ва дигар мақомоти амрикоӣ вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ва фармондеҳи артиши он кишвар генерал Ашфақ Каёнӣ раҳбарӣ мекунанд.
Хонум Клинтон бо изҳори пуштибонии комили Амрико аз амалиётҳои афзояндаи Покистон алайҳи ифротгароии исломӣ гуфт, “ин набард набарди мо низ ҳаст.”
Мавзӯъи музокирот ҳамкориҳои амниятист, аз ҷумла масъалаи чархболҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии бидуни сарнишин, ки Покистон аз Амрико ба хотири идомаи набардаш бо ҷангиён дар манотиқи ҳошияи марз бо Афғонистон хостааст.
XS
SM
MD
LG