Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқилов: Харобии роҳи оҳан дар Ӯзбекистон баҳона аст


Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон иддаои Ӯзбекистонро дар бораи бо сабабҳои техникӣ нигоҳ доштани тақрибан
1000 вагони бору колоҳои Тоҷикистон "баҳона"-и Ӯзбекистон арзёбӣ кард. Вай ин суханонро дар ҷараёни боздидаш аз маққари СММ дар Нию Йорк зимни мусоҳиба бо радиои Озодӣ баён дошт:

"Вақте, ки расидагӣ анҷом додем, ҳеҷ гуна харобии ҷиддӣ ба назар нарасид ва имкон дошт, ки ин қаторҳои бору колоҳо бидуни мушкил аз роҳи оҳан ҳаракати худро идома диҳанд. Ба ҳамин сабаб ин танҳо баҳонаест, ки кадом мушкили техникӣ дар роҳи транзити колоҳо ба сӯи Тоҷикистон вуҷуд дорад".

Рӯзи сешанбе вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе ба вазорат эҳзор кард ва дар робита бо ҳамин масъала ба вай ёддоште супурд. Ҷониби Ӯзбекистон гуфта буд, ки дар баъзе қисматҳо роҳи оҳанро селоб хароб кардааст, вале расидагӣ нишон додааст, ки роҳ хароб нест.
XS
SM
MD
LG