Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эйде: Музокироти махфӣ бо "Толибон" мутаваққиф шуд


Боздошти чанд фармондеҳи аршади ҷунбиши “Толибон” музокироти махфии намояндагони СММ бо намояндагони ин ҷунбишро дар Покистон мутаваққиф кард. Дар ин бора фиристодаи собиқи СММ дар Афғонистон Кай Эйде ба хабаргузориҳо иттилоъ дод ва афзуд, ки гуфтушунидҳои махфӣ бо “Толибон” баҳори соли гузашта шурӯъ шуда буданд. Ба гуфтаи фиристодаи собиқи СММ дар Афғонистон, ки ваколаташ моҳи гузашта поён ёфт, барои тамос бо толибон васоили гуногун мавҷуданд. Яке аз ин гуна василаи тамос, ба гуфтаи Эйде, мақомоти воломартабаи ҳукумати раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай мебошанд. Эйде гуфтушунидҳои махфӣ бо толибонро ҳамчун “музокирот дар бораи музокироти оянда” арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG