Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел хостори хуруҷи бархе кишварҳо аз минтақаи евро шуд


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, имрӯз изҳор намуд, Иттиҳодияи Аврупо барои аз минтақаи евро хориҷ кардани кишварҳое, ки сиёсати ягонаи молиявиро халалдор мекунанд, бояд ваколат дошта бошад. Зимни суханронӣ дар парлумони Олмон ӯ гуфт, "мо бояд ба созиши Иттиҳодияи Аврупо нуктаеро илова кунем, ки он барои, чун чораи охирин, аз минтақаи евро хориҷ намудани кишварҳое имкон фароҳам оварад, ки борҳо ва муддати тулонӣ муқаррароти аслии сиёсати умумии молиявиро вайрон кардаанд. Дар акси ҳол ҳамкорӣ ғайримумкин аст".
Хонум Меркел ҳамчунин гуфт, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, дар сурати ба мушкил мувоҷеҳ шуданашон, набояд, ки тани танҳо бимонанд. Ва аммо, афзуд ӯ, дар робита ба кумаки фаврӣ ба Юнон бояд сабабу решаҳои мушкили ба вуқӯъ пайвастаро ҷӯё шуд.
XS
SM
MD
LG