Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз роҳ ба сӯи НАТО пас мегардад


Ҳукумати эътилофии Украина дар порлумони ин кишвар мегӯяд, қонунеро қабул хоҳад кард, ки иҷоза намедиҳад, то Украина ба ҳеҷ эътилофи низомӣ, аз ҷумла НАТО бипайвандад. Ҳукумати эътилофии нави тарафдори раиси ҷумҳур Виктор Янукович бо нашри баёнияе дирӯз гуфт, қонуни мазкур “мавқеъи ғайримутааҳид будани Украинаро” замонат хоҳад дод. Ин ҳаракати ҳукумат ба Виктор Янукович кӯмак хоҳад кард, ба ваъдаҳои дар интихобот додааш, аз ҷумла монеъи пайвастани Украин ба НАТО - шуданро иҷро намояд. Раиси ҷумҳури пешин ва ғарбгарои Украина Виктор Юшченко мекӯшид, то Украина ба узвияти Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ бипайвандад.
XS
SM
MD
LG