Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба рӯзноманигор ва фаъолон дар Қирғизистон


Як рӯзноманигори мустақил ва ду нафар аз фаъолони ҳизби мухолифи Отамакони Қирғизистон дар ҷануби ин кишвар мавриди лату кӯб қарор гирифтаанд. Асилбек Текебоев-ҳамоҳангсози ҳизби мазкур ва Абдубахаб Мониев-сардабири
"Press-KJ" рӯзи душанбе ҳангоме, ки шабона баъд аз ширкат дар тазоҳуроте ба ҷонибдорӣ аз Исмоил Исаков-яке аз раҳбарони мухолифон бармегаштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳамлакунандагон шишаи мошинро дар маҳале бо номи Узген шикастаанд ва ин се нафарро шиканҷа додаанд. Датгоҳи сабти садо ва дастгоҳи сабти видеои Мониевро низ гирифтаанд ва гуфтаанд, ки онҳо "бояд худро идора карда тавонанд".
XS
SM
MD
LG