Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: Афғонистон саҳнаи бархурди кишварҳо намегардад


Афғонистон намехоҳад, ки ба саҳнаи мубориза барои нуфузи сиёсӣ миёни кишварҳои ғарбӣ ва минтақаӣ табдил шавад. Изҳороти Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар ин бора дар Исломобод, дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ садо дод. Карзай гуфт, ки "Афғонистон хостори бархурди манфиатҳо дар қаламрави худ нест. Мо на хостори муқовимати Ҳиндустону Покистон дар Афғонистонем ва на баҳси миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида. Афғонистон намехоҳад, ки кишвари бузург ё хурд, наздик ё дур фаъолияти худ алайҳи дигар давлатро дар Афғонистон ба роҳ монад".
Ҳомид Карзай ва Юсуф Ризо Гелонӣ имрӯз масоили марбут ба эътидоли авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи Карзай, мавзеъгирии Покистон дар раванди расидан ба мусолиҳа бо толибони аз хушунат дастбардошта басо муҳим хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG