Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнониҳо боз коршиканӣ карданд


Дар Юнон коршикании умумимиллӣ ба нишони эътироз алайҳи чораҳои зиддибӯҳронии ҳукумат идома дорад. Ин саввумин коршиканӣ дар як моҳи ахир аст. Бо даъвати ду иттиҳодияи бузурги касабаи кишвар кори нақлиёти мусофирбар мутаваққиф шудааст, даҳҳо парвози ҳавопаймоҳо лағв шуда, дари мактабу бемористонҳо баста аст.
Ширкатдорони коршиканӣ талаб доранд, ки бархе аз тасмимҳои ба хотири коҳиши касри буҷа гирифтаи ҳукумат лағв шаванд. Ҳукумати Юнон барои берун шудан аз бӯҳрони амиқ андозро афзоиш дод, маоши кормандони бахши буҷавиро кам кард ва синну соли нафақаро боло бурд.
XS
SM
MD
LG