Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури нави Чилӣ савганд ёд мекунад


Имрӯз маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Чилӣ Себастян Пинера баргузор мешавад. Дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ Пинера изҳор карда буд, ки замони раёсаташ ба рушди иқтисодӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва идомаи сиёсати иҷтимоии раисиҷумҳур Мишел Бачелет авлавият хоҳад дод.
Мишел Бачелет мақомоти раисиҷумҳурии Чилиро дар ҳоле тарк мегӯяд, ки бо вуҷуди интиқод аз ҳукумат барои коҳилӣ дар вокуниш ба заминларзаи мудҳиши ахир, 84 дар сади мардум аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ, ки бар асари он садҳо нафар ба ҳалокат расидаанд, акнун бар дӯши раисиҷумҳури нави Чилӣ вогузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG