Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди дигарбораи Байден аз тасмими Исроил


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден имрӯз мукарраран гуфт, ки тасмими Исроил ҷиҳати эҳдоси шаҳракҳои яҳудинишин ҳусни лозими эътимод барои музокироти сулҳи минтақаро ба ҳам мезанад. Байден дар пайи мулоқот бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар Ромуллоҳ гуфт, фаластиниҳо сазовори як давлати мустақили коромад мебошанд.
Ин изҳороти ноиби раисиҷумҳури Амрико ҳамагӣ як рӯз баъд аз эълони барномаи Исроил дар бораи бунёди 1600 манзили дигар дар Байтулмуқаддаси шарқӣ садо дод.
Раҳбарони фаластинӣ, ки мехоҳанд пойтахти давлати ояндаи худро маҳз дар Байтулмуқаддаси шарқӣ бисозанд, шаҳраксозии Исроилро чолиши азиме ба эҳёи раванди сулҳ меноманд.
XS
SM
MD
LG