Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нороҳатии Байден аз тарҳи шаҳраксозиҳои нави Исроил


Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷозеф Байден имрӯз дар ҳоле ки талошҳои нави эҳёи гуфтушуниди сулҳи Ховари Миёнаро тарҳи бунёди 1600 хонаи нав барои муҳоҷирони яҳудӣ дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ба мушкил кашидааст, бо раҳбарони фаластинӣ мулоқот хоҳад кард. Таври маълум фаластиниҳо Байтулмуқаддаси шарқиро пойтахти давлати ояндаи мустақили худ мешуморанд. Байден шаҳраксозии нави Исроилро маҳкум кард ва гуфт, ин тарҳ эътимодеро, ки барои эҳёи раванди гуфтушунид муҳим аст, халалдор мекунад. Ба нишони нороҳатии Иёлоти Муттаҳида аз ин иқдоми Исроил, Байден ба зиёфат бо ширкати сарвазири Исроил Нетаняҳу 90 дақиқа дер омад. Фаластиниҳо, ки ахиран бо талошҳои Амрико ба гуфтушуниди ғайримустақим бо Исроил розӣ шудаанд, низ аз тарҳи бунёди манзилҳои нав норозиянд ва ҳушдор додаанд, ки ин тарҳ гуфтушунидро барҳам мезанад.
XS
SM
MD
LG