Кумиссиюни интихоботии Ироқ мегӯяд ки эълони натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порламонии рӯзи якшанбе ба таъхир афтодааст. Хонум Ҳамидия ал Ҳусейнӣ-як мақоми расмиии Кумиссиюни олии мустақили интихоботӣ гуфт, то ҳол 30 дарсади орои интихобкунандагон шумурда нашудааст. Вай дақиқан нагуфт, ки кай натиҷаҳои муқаддамотӣ эълон хоҳад шуд. Ҳоло ҳам гурӯҳи ҷонибдори Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири кунунӣ ва ҳам гурӯҳи Иёд Алавӣ-нахуствазири пешин иддао мекунанд, ки барандаи интихобот мебошанд.