Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райъдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Ироқ поён ёфт


Раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии Ироқ поён ёфт. Ба навиштаи хабаргузориҳо, субҳи имрӯз бар асари таркишҳо дар канори қитъаҳои интихоботӣ дар пойтахти кишвар - Бағдод ва шаҳрҳои Фалуҷа, Бақуба ва Самарра дасти кам 24 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Вазорати умури дохилаи Ироқ хабар дод, ки пурқурбонитарин таркишҳо дар канори қитъаҳои интихоботӣ дар Бағдод рӯх дода, 12 кушта бар ҷой гузоштанд. Дар ин ҳаводис 8 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Имрӯз шаҳрвандони Ироқ ба хотири интихоби 352 вакили парлумон пойи қутиҳои раъйдиҳӣ омаданд. Барои 352 курсии парлумон тақрибан 6200 номзад аз 80 ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ талош доштанд. Дар интихобот барои нахустин бор баъд аз суқути режими Саддом Ҳусейн суннимазҳабҳо низ ширкат хоҳанд кард. Онҳо интихоботи қаблии парлумонӣ дар соли 2003-ро таҳрим карда буданд.
XS
SM
MD
LG