Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дирӯз Медведев ва Раҳмон телефонӣ чӣ гуфтанд?


Бино ба хабари дафтари матбуотии Кохи Кремли Маскав, дирӯз Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон-руасои ҷамоҳири Русия ва Тоҷикистон дар як гуфтугӯи телефонӣ масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоишҳои чандҷониба дар нимсолаи аввали соли ҷориро баррасӣ кардаанд. Ин гфтугӯи телефонӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаи ҷорӣ Игор Шувалов-муовини аввали нахуствазири Русия аз Тоҷикистон боздид ва бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Ба нақша гирифта шудааст, ки 8-ӯми март дар Маскав мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ҳамсуд, моҳи июн дар Ссанкт Петербург ҳамоиши Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Маҷмаи иқтисодии Петербург баргузор шавад. Ҳамчунин интизор меравад, ки барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар Маскав 30 ҳайат аз кишварҳои мухталиф ба Русия оянд.
XS
SM
MD
LG