Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси як бонки Қазоқистон дар Маскав


Раиси пешини яке аз бонкҳои маъруфи Қазоқистон – Бонки “Наврӯз” дар Маскав боздошт шудааст. Мурод Жумайбой, сухангӯи полиси молиявии Қазоқистон, имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ки айни ҳол мақомоти Қазоқистон ва Русия мавзӯъи истирдоди эҳтимолии раиси собиқи бонки “Наврӯз” Оразалӣ Эржанов ба Қазоқистонро баҳсу баррасӣ мекунанд.
Мақомоти Қазоқистон Эржановро панҷ сол қабл мавриди кофтукоби байнулмиллалӣ қарор дода буданд. Раиси пешини “Наврӯз” расман дар ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва яғмои тақрибан 30 миллион доллар айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG