Ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон хабари аз ҷониби марзбонони узбак бо иттиҳоми марзшиканӣ боздошт шудани 30 шаҳрванди тоҷик дар минтақаи Бекободи Узбакистонро радд мекунанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати нирӯҳои марзбонии кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ин хабар воқеъият надорад. Дирӯз хабаргузории русии “Новости” аз қавли сухангӯи кумитаи марзбонии Узбакистон Раззоқ Шоҳимардонов навишт, ки 30 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Бекобод дастгир шудаанд.