Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии додгоҳ аз ҳукми қатли донишҷӯи эронӣ


Як додгоҳи таҷдиди назар дар Эрон ҳукми эъдоми донишҷӯи 20-сола бо ҷурми даст доштан дар ошӯбҳои ду моҳи пешро таъйид кардааст.
Бино ба гузориши сомонаҳои мухолифин, Муҳаммадамин Валиён дар муҳориба алайҳи Худованд, сангандозӣ бар зидди нирӯҳои амниятӣ дар тазоҳуроти хунини рӯзи 27 декабр дар Теҳрон муҷрим шинохта шуд. Аммо манобеъи дигар ин хабарро то ҳол расман тасдиқ ваё радд накардаанд. Матбуоти Эрон мегӯяд, то кунун дар иртикоби ширкат дар ошӯбҳои пасоинтихоботӣ дар Эрон 10 нафар маҳкум ба қатл шудаанд.
XS
SM
MD
LG