Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон дар садади эълони барномаи нави зидди бӯҳрон


Қарор аст, давлати Юнон имрӯз ба манзури ҳалли бӯҳрони касри будҷааш тадобири наверо эълон кунад. Сарвазири Юнон Георге Папандреу вазъи феълиро “вазъи хеле доғ” номид ва ҳушдор дод, ки дар ғайри сурати иттихози тадобири оҷил, кишвараш ба хатари расвоӣ дучор хоҳад шуд.
Папандреу дирӯз ба парлумон гуфт, Юнон масъулияти ин бӯҳронро ба дӯши шонаҳои худ мегузорад.
Тадобири ҷадид ғолибан коҳиши маоши ходимони давлатӣ, тавқифи пардохти пули нафақа ва афзоиши молиётро дар бар хоҳад гирифт. Қарзи Юнон ба 300 миллиард доллар ва касри будҷааш ба 13 дарсад наздик шудааст.
XS
SM
MD
LG