Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекордҳои нав дар Бозиҳои олимпии Ванкувер


Аз рӯи шумораи медалҳо дар Бозиҳои олмипии Ванкувер варзишгарони Канада ва Иёлоти Муттаҳида бо ҳам баробар буда, дар ҷойгоҳи рекордӣ қарор доранд. Рӯзи шанбе Канада се нишони дигари тило гирифт ва шумораи умумии медалҳои тилои худро ба 13 адад расонд. Дар гузашта Иттиҳоди Шӯравӣ (дар соли 1976) ва Норвегия (2002) ба чунин сатҳ расида буданд. Иёлоти Муттаҳида, дар ин байн талош дорад, рекорди соли 2002-и Олмонро, ки дар як олимпиада 36 медал ба даст оварда буд, бишаканад.
XS
SM
MD
LG