Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқуф гузоштани муҳокимаи ҳафтаномаи "Миллат"


Додгоҳе дар шаҳри Душанбе, барассии даъвои додгоҳии вазорати кишоварзӣ алайҳи нашрияи мустақили “Миллат”- ро то аввали моҳи оянда мавқуф гузошт. Дар мурофиаи муқаддамотии имрӯз, ҷонибҳо аз даъвати додрас барои мусолиҳа напазируфта ва гуфтаанд аз ҳаққи худ ҳимоят хоҳанд кард. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нашрияи “Миллат”- ро ба паст задани шаъну эътибораш муттаҳам карда ва хостори бештар аз 200 ҳазор доллар ҷуброни маънавӣ шудааст. Нашрияи “Миллат” низ дар посух ба ин иқдоми вазорат, ба додгоҳ шикоят бурда ва хостори як сомонӣ, камтар аз ним доллар ҷаримаи рамзӣ талаб кардааст. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, рӯзномаи мазкур ин ниҳодро фасодзада хонда ва шаъну эътибори онро паст задааст. Ҷузъиёти бештарро дар идомаи барнома мешунавем.
XS
SM
MD
LG