Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: 16 кушта дар як рӯз


Имрӯз бар асари силсилаи ҳамалот дар саросари Ироқ 16 нафар кушта шуданд. Афроди мусаллаҳ дар минтақаи суннинишини Мадоин 8 узви як хонаводаро кушта, бархеи онҳоро сар буридаанд. Ду сарбоз ва ду пулиси ироқӣ дар Мувсил бар асари ҳамлаҳои алоҳида кушта шуданд. Се нафар, бо шумули як кӯдаки шашсола, бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар Рамодӣ ва як мақоми аршади вазорати маорифи Ироқ дар Бағдод кушта шуданд. Авҷи нави хушунат дар Ироқ дар ҳолест, ки то интихоботи парлумонии рӯзи 7 март дар ин кишвар ҳамагӣ 2 ҳафтаи дигар боқӣ мемонад. Ин дуввумин интихоботи парлумонӣ дар Ироқ дар пайи суқути давлати Саддом Ҳусайн мебошад.
XS
SM
MD
LG