Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи баррасии шикояти Юлия Тимошенко


Додгоҳи Олии Маъмурии Украина баррасии шикояти додгоҳии Юлия Тимошенко – нахуствазир аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурро қатъ кард. Додрас Олександр Нечитайло гуфт, ки “додгоҳ шикояти Юлия Тимошенко номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурро бе баррасӣ хоҳад гузошт”. Юлия Тимошенко рӯзи шанбе гуфт, ки ба адолати додгоҳ бовар надорад ва аз ин рӯ идомаи баррасии шикояташро бемаънӣ медонад: "Мо фаҳмидем, ки додгоҳ намехоҳад, ҳақиқатро пайдо кунад ва мутаасифона додгоҳ мисли Кумисиёни марказии интихобот, ки аъзои он аксаран тарафдори Виктор Янукович ҳастанд, якҷониба мебошад." Ба гуфтаи Кумисиёни марказии интихоботи Украина, дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 7 –уми феврал, Виктор Янукович 3,5 дар сад раъйи бештари мардумро ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG