Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайъати расмии Тоҷикистон ба Қатар


Як ҳайъати расмии ҳукумати Тоҷикистон имрӯз барои баррасии масоил ҳамкориҳои дуҷониба озими кишвари арабии Қатар шудааст. Бино ба иттилоъи расмӣ, ҳайъати мазкурро Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Дар баёнияи ин вазорат омадааст, дар ҷараёни сафар, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои қарордодҳои пешини миёни ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Қатар аҳд додааст, ки дар пойтахти Тоҷикистон масҷиди бузурге бо гунҷоиши 150 ҳазор намозгузор бунёд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG