Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳди ҳамкории Microsoft ва Yahoo


Microsoft ва Yahoo, ду ширкати бузурги фанновариҳои навин ҷиҳати ҳамкорӣ дар муқобили рақиби умдаи худ ширкати Google ба тавофуқ расидаанд. Ин ду ширкат мегӯянд, Куммиссиюни Аврупо ва вазорати адлияи Амрико шароити ҳамкории онҳоро бидуни кадом маҳдудият пазируфтанд. Тибқи ин муомила, Bing, бахши ҷустуҷӯи интернетии Microsoft аз имконоти Yahoo дар Интернет муштаракан истифода хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки ин тавофуқ то чанд рӯзи дигар дар маърази иҷро гузошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG