Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии Матлуб Халифаев дар Панҷакент лағв шуд


Додгоҳи Панҷакент қарори куммисиюни интихоботии ҳавзаи Панҷакент дар бораи лағви номзадии Матлуб Халифаевро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Масъулини ҳавза Халифаевро ба истифодаи маблағҳои изофӣ дар роҳи пешбурди маъракаи интихоботиаш айбдор мекунанд. Аммо Матлуб Халифаев, вазири собиқи сохтмони Тоҷикистон ва бародари шаҳрдори собиқи Душанбе Мақсуд Икромов, ин иттиҳомро радд карда, ба додгоҳ шикоят бурд.
Халифаев нахустин номзад ба вакилии парлумони Тоҷикистон дар интихоботи рӯзи 28 феврал аст, ки номзадиаш тавассути додгоҳ лағв мешавад.
XS
SM
MD
LG