Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба зиндон шудани 12 узви Ҳизби Таҳрир


Бино ба гузоришҳо, додгоҳи шаҳри Душанбе, 12 нафарро бо гуноҳи узвият дар созмони тундрави Ҳизб-ут-Таҳрир ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба иттилоъи додгоҳ навиштааст, дар миёни маҳкумшудагон, 3 нафар шаҳрвандони Ӯзбакистон ва як муҳассили ноболиғ ҳам ҳаст. Ба гуфтаи додгоҳ, ин афрод ба таъсиси созмони ҷиноятпеша, барангехтани адовати маҳалливу қавмӣ, нажодӣ ва даъват ба барандохтани ҳукумати қонунии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуданд. Яке аз гунаҳкорон Азамат Ваҳҳобовро раҳбари ҳалқаи Ҳизб-ут-Таҳрир дар вилояти Суғд хонда ва ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум намудаанд. Моҳе пештар додгоҳи вилояти Суғд даҳ нафарро бо гуноҳи шабеҳ аз ҳашт то ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Фаъолияти Ҳизб ут Таҳрир, ки хостори таъсиси Хилофати исломист, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG