Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Клинтон аз барномаҳои ҳастаии Эрон


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дирӯз дар Дор-ул-Ҳикма, донишкадаи занонаи Ҷидда, пойтахти Арабистони Саудӣ гуфт, роҳ надодан ба ин ки Теҳрон соҳиби силоҳҳои ҳастаӣ шавад, масъулияти муштараки ҳама ҳамсоякишварҳои Эрон аст. Клинтон гуфт, талоши Эрон барои даст ёфтан ба таслиҳоти ҳастаӣ сабқати кишварҳо барои соҳиб шудан ба чунин таслиҳотро аланга хоҳад дод.
Амрико феълан дар пайи дарёфти пуштибонии бештар аз пешниҳоди эъмоли таҳримоти шадидтар алайҳи Эрон аст ва яке аз ҳадафҳои силсиласафари хонум Клинтон ба кишварҳои арабӣ низ ҳамин гуфта мешавад.
Аммо раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки Теҳрон таҳримоти нави байналмилалиро бидуни посух нахоҳад гузошт ва кишварҳое, ки аз чунин таҳримот кор мегиранд, аз ин амали худ дар ниҳоят сахт пушаймон хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG