Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович 25-ӯми феврал савганд ёд мекунад


Виктор Янукович ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаби Украина 25-ӯми феврал савганд ёд хоҳад кард. Имрӯз порламони Украина санаи ин савгандро муқаррар кард ва аз 450 намоянда аксарият, яъне 238 намоянда ба ҷонибдорӣ аз ин сана рай доданд. Баъд аз даври дуввуми интихобот дар 7-ӯми феврал Виктор Янукович бар рақибаш нахуствазир Юлия Тимошенко пирӯз эълон шуд. Тимошенко гуфтааст, ки натиҷаҳои интихоботро қабул надорад ва аз мақоми нахуствазирӣ истеъфо нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG