Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 хориҷӣ бо 5 кило ҳероин дар Душанбе


Маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Душанбе ду шаҳрванди Литва ва як табаъаи Русияро бо 5 кило ҳероин боздошт кардаанд. Ин афрод аз Душанбе ба самти Бишкек, пойтахти Қирғизистон парвоз мекарданд. Мақомот аз бағоҷи ду зани литвонӣ 3 килову 400 грамм ва аз шаҳрванди рус 1 килову 600 грамм маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд. Дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG