Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик ба "Наша Раша"


Ҷунбиши сартосарии «Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия» тасмим гирифтааст барномаи «Наша Раша»-и шабакаи ТНТ- Русия ва масъулони ин телевизионро ба додгоҳ бикашад. Дар номаи саркушодаи ин созмон ба унвони додситонии кулл ва хадамоти ахбору мухобироти Русия гуфта мешавад, шабакаи ТНТ тайи панҷ соли ахир алайҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барномаҳои таҳқиромез таҳия ва пахш карда ва симои миллати тоҷикро дар Русия доғдор кардааст. Каромат Шарифов- раиси ҷунбиши сартосарии «Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия» дар як сӯҳбате бо радиои Озодӣ гуфт, ки ба маҳзи пахши лавҳаҳои пур аз таҳқири барномаи «Наша Раша»-и ТНТ муҳоҷирони тоҷик дар Русия дучори масхара ва мазоҳ мешаванд.
Оқои Шарифов гуфт дар қадами аввал аз масъулони ин шабака ва махсусан барномасозони наша Раша даъват кардааст ки барои пойин бурдани шаъну эътибор ва шарафи мардуми тоҷик расман узр бипурсанд ва аз идомаи нашру пахши такрории чунин барномаҳо даст бикашанд. Вале дар сурати бепосух гузоштани ин даъво, ӯ вазифаи худ мешуморад, ки қазияро бо барномаи "Наша Раша" ва масъулони шабакаи ТНТ дар додгоҳ ҳал бикунад.
XS
SM
MD
LG