Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти адиби инглис Дик Френсис


Адиби маъруфи Бритониё Дик Френсис дирӯз дар синни 89 дар манзилаш дар ҷазираҳои Кайман аз олам чашм пӯшид. Дик Френсис ибтидо ҳамчун човандоз ном баровард ва дар аспдавонӣ унвони қаҳрамониро ҳам ба даст оварда буд.
Баъдан ӯ аз варзиш канор рафт ва ба навиштан пардохт.
Тайи фаъолияти эҷодиаш Дик Френсис се дафъа ҷоизаи Эдгар Поро бо худ бурда, аз пурхонандатарин муаллифони қиссаҳои детективӣ дониста мешуд. “Бохт”, “Уфтодан ба бадбахтӣ” ва “Абрешим” – чунин аст исми қиссаҳое, ки барои Френсис шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд. Охирин китоби ӯ бо номи “Тирборон” бояд имсол ба бозор медаромад.
XS
SM
MD
LG