Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович дар ивази флоти Русия газ мехоҳад


Виктор Янукович-раиси ҷумҳури мунтахаби Украина гуфт, мумкин аст Киев ба нируҳои дарёии Русия дар Баҳри Сиёҳ иҷоза диҳад, ки баъд аз хатми мӯҳлати хуруҷи барномарезишудаи онҳо дар соли 2017 низ дар бандари Севастопол боқӣ бимонанд. Янукович дар мусоҳибае бо телевизиони давлатии Русия бо номи "Вести 24" гуфтааст, хеле муҳим аст, ки мо бисёре аз масъалаҳоро дар як баста меомӯзем. Янукович гуфт, вай истисно намедонад, ки Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ бештар аз мӯҳлати қарордодӣ аз бандари Севастопол истифода кунад. Янукович, ки дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Украина пирӯз шудааст, изҳор дошт, ки вай мехоҳад муносиботро дар бахши таъмини газ бо Русия беҳбуд бахшад.
XS
SM
MD
LG