Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои таъсиси шабакаи нави барқ


Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдулатиф Аҳмадов дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси як шабакаи муштараки интиқоли нирӯи барқ тавофуқ кардаанд. Ба гуфтаи сафир, ба ин манзур кашидани хутути интиқоли барқ аз Хуҷанд то ба Ӯши Қирғизистон лозим мебошад.
Оқои Аҳмадов гуфт, аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Узбакистон дар моҳи декабр зарурати таъсиси як шабакаи нави энержиро дар минтақа пеш овард.
Феълан тарҳи таъсиси чунин шабака дар дасти баррасии коршиносони се кишвар қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG