Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли барқ ба Зарнисор аз сар гирифта шуд


Шоми дирӯз интиқоли барқ ба шаҳраки Зарнисор, Олтин-Топкани собиқ, дар вилояти Суғд, аз сар гирифта шуд. Таъмини ин шаҳрак бо нирӯи барқро Узбакистон ахиран қатъ кард ва акнун ширкати нирӯи барқи Суғд ба Зарнисор ба масофаи ду километр хатти барқ кашидааст. Аммо раҳбари ширкат Мӯъминҷон Тошматов ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки нирӯи барқ танҳо ба аҳолии шаҳрак дода мешавад, вале корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин, ки ба истихроҷи маъдан машғул аст, ҳанӯз бо барқ таъмин нест.
XS
SM
MD
LG