Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷоиза" ба афсарони бадрафтор дар Русия


Низомиёни Русия, масъалаи пардохти ҷоизаҳои бузурги пулӣ ба афсаронеро таҳқиқ мекунанд, ки баъди латукӯби сарбозон аз мақомҳояшон ҷазо гирифтаанд. Ба гуфтаи додситони низомии вилояти Ленинград, Алибек Асланбеков - фармондеҳи воҳиди пиёданизом, дар пойгоҳи низомии бадномшудаи Каменка ба афсарони ҷазогирифта 230 ҳазор доллар ҷоизаҳои молӣ додааст. Ин афсаронро барои латукӯбу бераҳмӣ бо сарбозони оддӣ ҷазоҳои маъмурӣ дода ва се нафарашонро маҳкум карданд. Пойгоҳи низомии Каменка, ки чандин сарбоз аз он фирор ва яке ҳам худкушӣ кардааст, бо бадрафториву золимии афсаронаш дар Русия беобрӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG