Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳаитӣ 270 ҳазор нафарро дафн кардаанд


Рене Превал - раиси ҷумҳури Ҳаитӣ, гуфт, то кунун дар кишвараш 270 ҳазор нафар аз қурбониёни заминларзаи як моҳи пешро дафн кардаанд. Ин рақам назар ба омори расмие, ки рӯзи сешанбе ҳукумати Ҳаитӣ нашр кард, 40 ҳазор нафар бештар аст. Арқоми тоза доир ба қурбониёни заминларзаи мудҳишро дирӯз ҳангоми мулоқоти раҳбарони кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ дар Эквадор нашр кардаанд. Заминларзаи қавии 12 январ пойтахти Ҳаитиро тақрибан ба хок яксон кард.
XS
SM
MD
LG