Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович барандаи интихоботи Украина эълон шуд


Куммиссиюни марказии интихоботи Украина гуфт, бар асоси шумориши муқаддамотии оро, дар даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ Виктор Янукович бо касби наздики 49 дарсади оро пирӯз шудааст. Ин ниҳод бояд натоиҷи расмӣ ва ниҳоии раъйгириро то 17 феврал эълон кунад. Аммо куммиссиюн имрӯз гуфт, барои асоси шумориши кулли оро, Януковия 48,95 дарсад ва рақиби ӯ - сарвазир Юлия Тимошенко 45,47 дарсади ороро ба даст овардаанд.
Янукович алакай пирӯзии худро эълон кард. Вале Тимошенко ҳанӯз шикасташро эътироф накардааст. Ҳизби ӯ дирӯз Януковичро ба тақаллуби оро айбдор кард.
XS
SM
MD
LG