Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти "Бирлик" дар робита ба тарҳи Роғун


Ҷунбиши "Бирлик", як ҳизби мухолифи давлати Узбакистон, бо пахши як изҳорот аз тасмими Душанбе ҷиҳати эҳдоси нирӯгоҳи Роғун интиқод карда, гуфтааст, амалкардҳои давлати Тоҷикистон, ки таҳти шиори касби истиқлолияти энержӣ анҷом мешаванд, дар ояндаи наздиктарин тамоми мардумони сокини Осиёи Марказиро мувоҷеҳ ба азобу машаққат хоҳанд кард.
"Бирлик" аз авоқиби зистмуҳитии тарҳи Роғун ҳушдор дода, гуфтааст, ҷомиаи байналмилалӣ набояд нисбат ба сарнавишти мардуми Узбакистон бефарқ нигоҳ кунад.
Давлати Тоҷикистон ба хотири аз мардум ҷамъ овардани сармояи лозим барои сохтани нирӯгоҳи Роғун маъракаи густардаеро шурӯъ карда, ахиран хабар дод, ки то имрӯз 700 миллион сомонӣ, муодили 160 миллион доллар ҷамъ овардааст.
Ҷамъи ҳазинаи тарҳи Роғун дар ҳудуди аз 2 то 3 миллиард доллар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG