Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, таҳримот алайҳи Эрон такмил мешавад


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи сешанбе гуфт, талошҳои тоза барои эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон бошитоб дар ҷараён аст ва бояд зарфи чанд ҳафтаи оянда комил шавад. Ин баёнияи Барак Обама ба думболи он садо дод, ки Эрон гуфт, ба ғанисозии ураниуми 20 дар садӣ шурӯъ кардааст. Ғанисозии ураниуми 20 дарсадӣ қадами аввал барои ғанисозии ураниуми лозим барои бомби атомӣ аст. Барак Обама гуфт, бо вуҷуди иддаъоҳои Эрон доир ба сулҳомез будани барномаҳои атомиаш, ба ӯ возеҳ аст, ин кишвар роҳеро пеш гирифтааст, ки метавонад, бо тавлиди силоҳи атомӣ бианҷомад. Русия низ рӯзи сешанбе гуфт, ба сулҳомез будани барномаҳои атомии Эрон “шубҳа” дорад. Шӯрои Амнияти Созмони Милал бинобар сарпечии Эрон аз боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ба зидди ин кишвар се маротиба таҳрим эъмол кардааст.
XS
SM
MD
LG