Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти бобмгузориҳо дар шаҳри Карочӣ


Рӯзи ҷумъа, бар асари ду бомбгузорӣ, дар шаҳри Карочии Покистон, ки ҳадафи он мусулмонони шиъамазҳаб будаанд, дасти кам 22 нафар ҳалок шуданд. Дар ҳамлаи аввал, мотосикли бомбгузоришудае дар назди автобуси эътиқодмандони шиъамазҳабе таркид, ки барои ширкат ба маросими мазҳабии Арбаъин мерафтанд. Бисёре аз қурбониён занону кӯдакон будаанд. Дар ин ҳамла 12 нафар ҳалок ва бештар аз 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бомби дуввум дар даромадгоҳи шифохонаи Ҷинна мунфаҷир шуд, ки дар инҷо маҷрӯҳони ҳамлаи аввалро табобат мекарданд. Ҷамил Сумру сухангӯи ҳукумати Покистон, гуфт, ин ҳамла 10 нафар кушта ва чанд нафар маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.
XS
SM
MD
LG