Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порламон номзадҳои даврони Саддомро баррасӣ мекунад


Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ аз порламони кишвараш хост, тасмимеро, ки ҳукуматаш "ғайриқонунӣ" хондааст, рӯзи якшанбе ба мунозироти порламонӣ бигиранд. Ин тасмим ба барқарории ҳақи номзадии ононе тааллуқ дорад, ки гӯё бо режими Саддом Ҳусейн иртибот доштаанд. Нахуствазир аз Иёд Самаррай-раиси порламон хост, ки барои баррасии ин масъала иҷлоси ғайринавбатӣ даъват кунад. 7 қозии додгоҳ тасмими кумиссиюни интихоботиро дар бораи роҳ надодани беш аз 500 нафар ба интихоботи сартосарӣ бекор кард. Қарор аст ин интихобот 7-ӯми март баргузор шавад. Сухангӯи ҳукумат ин тасмими додогоҳро "ғайриқонунӣ" арзёбӣ кард. Аммо вазорати умури хориҷаи Амрико ин тасмимро қадами муҳиму муфид хонд.
XS
SM
MD
LG