Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИА аз вазъи озодии баён дар Беларус


ИА дар пайи дастури ахири раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка дар бораи танзими кори Интернет дар бораи эҳтимоли маҳдуд шудани озодии баён дар он кишвар изҳори нигаронӣ кард. Луиз Гуэллнер, сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Катерин Эштон ба Радиои Озодӣ гуфт, амри Лукашенка “гоме аз роҳи иштибоҳист” ва дар ҳоле содир мешавад, ки ИА батадриҷ талош меварзад, равобиташ бо Беларусро ба ҳолати оддӣ баргардонад.
Дастури Лукашенка, ки бояд аз 1 июл дар маърази иҷро қарор бигирад, ба ширкатҳои провайдерӣ амр медиҳад, ки иттилоот дар бораи истифодаи афрод аз шабакаи Интернетро ҳифз карда ва тибқи дархости расмӣ, дар ихтиёри мақомот бигузоранд. Ширкатҳои интернетӣ ҳамчунин бо амри мақомоти давлатӣ муваззаф мешаванд, дастрасӣ ба ҳар навъ сомонаи интернетиро дар зарфи 24 соат масдуд кунанд.
XS
SM
MD
LG