Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҷоизаи "Нимрӯзи ростин" дар ҷашнвораи "Фаҷр"


Филми “Нимрӯзи ростин”-и коргардони тоҷик Носир Саидов аз ҷашнвораи байналмилалии “Фаҷр”-и Эрон бо се ҷоиза баргашт. Сенарияи фитлмро Сафари Ҳақдод навишта ва он достони зиндагии марди русест, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳам дар Тоҷикистон мемонад ва дар рустои дурдасте ба кори ҳавошиносиии худ идома медиҳад. Филми “Нимрӯзи ростин” тайи 2 сол дар дараи Варзоб наворбардорӣ шуда, дар моҳи августи соли гузашта ба намоиш даромад.
XS
SM
MD
LG