Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталабони ҷоизаи "Оскар" эълон шуданд


Имрӯз довталабони аслии пайкараҳои тиллоии “Оскар”, бонуфузтарин ҷоизаи олами синамо, эълон шуданд. Ду филм – филми тахаюлии "Аватар"-и Девид Кэмерон ва филми “Хуҷаини ғубор”-и Кэтрин Бигелоу дар 9 бахшӣ барои “Оскар” талош хоҳанд кард. Зимнан, Кэтирн Бигелоу хонуми собиқи Кэмерон аст. Филми ӯ аз рӯзгори сапёрҳои амрикоӣ дар Ироқ қисса мекунад.
Миёни ҳунармандоне, ки барои дарёфти ҷоизаи “Оскар” талош хоҳанд кард – номи насаби Ҷорҷ Клунӣ, Болин Ферт, Ҷеремӣ Реннер, Ҷеф Бриҷес, Морган Фримэн, Сандра Баллок, Ҳелен Миррен, Мэрил Стрипро метавон пайдо кард.
Маросими эълони ғолибон ва супурдани пайкараҳои тиллоии "Оскар" рӯзи 7 март дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG