Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз додгоҳи 3 нашрияи мустақили тоҷик оғоз мешавад


Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии се нашрияи мустақили Тоҷикистон "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон" оғоз мешавад. Ин мурофиа дар пайи даъвои ду қозии додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз болои маводи нашрнамудаи ин се нашрия,ки дар он гӯё шаъну шараф, номусу номи нек, эътибори кории додрасҳо латма дидааст, баргузор мешавад. Ин се додрас аз нашрияхои мустақили Тоҷикистон ҷуброни зарари маънавии худро талаб кардаанд, ки ба 5,5 миллион сомонӣ баробар аст. Ахиран сардабирони ин се нашрия низ бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз созмонҳои журналистии маҳалӣ дархости кӯмаки маънавӣ ва ҳуқуқӣ кардаанд. Пас аз матбуотӣ шудани баҳси додгоҳии нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон созмони Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри як баёния аз мақомоти ин кишвар хост, ки фишор бар матбуоти мустағқилро аз тариқи додгоҳҳоро хотима диҳанд. Дар изҳороти ин созмони ҳомии матбуот гуфта шудааст, ки дар баробари қонуни номукаммали матбуот, силсилаи даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи ҳафтаномаҳо ғайривоқеист ва эҳтимол дорад чунин кор ба як “анъана” табдил меёбад.
XS
SM
MD
LG