Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулулаборони қасри раисиҷумҳури Сомалӣ


Гулулаборони қасри раисиҷумҳури Сомалӣ дар Могадишо аз сӯи ошӯбгарони исломӣ мунҷар ба ҳалокати дасти кам 12 тан аз мардуми осоишта гардид. Дар ин ҳодиса 50 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тибқи хабарҳо, нерӯҳои посдори сулҳ аз Иттиҳодияи Африқо, ки таъмини амнияти қасри раисиҷумҳурро бар дӯш доранд, сӯи мавқеъи ошӯбгарон оташи ҷавобӣ кушоданд. Тирпарронӣ тамоми шаб идома дошт.
Ҳукумати марказии Сомалӣ аз назорати бештари манотиқи кишвар, аз ҷумла, пойтахт, маҳрум мондааст. Дар набардҳо бо гурӯҳи "Ал-Шубоб", ки бо созмони “Ал-Қоида” пайванд дорад, тайи чанд соли ахир тақрибан 20 ҳазор нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG