Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Карзай аз Толибон барои мусолеҳаи миллӣ


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз аз ҷангиёни Толибон даъват кард, ки силоҳро замин гузоранд. Вай гуфт, ки ҳукумат ҳама талошашро ба харҷ медиҳад, то ки сулҳу амният дар Афғонистон пойдор шавад. Изҳороти мазкур чанд рӯз баъди он пахш шуд, ки Карзай ва муттафиқони ғарбии он мувофиқа ҳосил карданд, ки барномаи комили ҷилавгирӣ аз шӯришҳои Толибонро қабул кунанд. Карзай, зимни суханрониаш дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки пешниҳоди мусолеҳаи милии ӯ ба ҳеҷ сурат ба ҷангиёни Ал-Қоида дахл надорад, чунки дар Афғонистон, ба гуфтаи ӯ, ба террористон ҷое нест.
XS
SM
MD
LG